Барфрезии 4 сантиметра ва яхбандии роҳҳои Суғд: Шарҳи коршинос

Дар Маркази обуҳавосанҷии Суғд меъёри барфрезии шабонарӯзи гузашта дар Хуҷандро шарҳ дода гуфтанд, ки сардшавии ҳарорати ҳаво то кай идома хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд, меъёри боришоти шабонарӯзи гузашта дар Хуҷанд ва дигар навоҳии шимоли Тоҷикистонро шарҳ дод.
Бино ба гуфти ӯ, мушоҳидаҳои метрологӣ собит намудааст, ки меъёри боришот дар аксар шаҳру навоҳии Суғд яксон буда баландии барф 4 см-ро ташкил намудааст.
“Миқдори боришот дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят 8 - 15 мм-ро ташкил додааст. Ин миқдори боришотест, ки дар як метри мурабаъ ҳисоб мешавад. Яъне дар 15 мм боришот, баландии барф то 4 см баробар шудааст” - шарҳ дод, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ҳомидов гуфт, таҳқиқотҳои метрологӣ дар ин зимн сатҳи поёни боришотро ҳам маълум намудааст, ки ба ноҳияи Ашт ва водии Зарафшони вилояти Суғд рост омада ва меъёри боришот ҳамагӣ 1 - 3 мм будааст.
Бино ба зикри ин коршинос, сатҳи боришоти барфу жола ва борон аз рӯи мм - чен карда мешаванд.
Ҳушдор аз тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Роҳбари Маркази обуҳавосанҷӣ натиҷаи таҳқиқот дар мавриди тағйирёбии ҳарорат барои рӯзҳои ояндаро шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, ки тибқи пажӯҳиши онҳо, ҳаво то рӯзи 14 декабр бе бориш буда, вале бино ба яхбандии роҳҳо аз ҳисоби барфрезии шаби гузашта то чанд рӯзи дигар то 8 дараҷа сард хоҳад шуд.
Барфрезии шаби гузашта дар Хуҷанд даҳ сол ба ин тараф бемисл буд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ, роҳҳо ях баста ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор гардид, ки дар натиҷа шумори сокинони шаҳр саривақт ба коргоҳи худ расида натавонистанд.