Кобулов ба Кобул меравад

Намояндаи вижаи раисҷумҳури дар умури Афғонистон ахиран ба рӯзноманигорон аз сафари худ ба ба шаҳри Кобул хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Замир Коблов ахиран гуфт, ки таърихи сафар ҳануз мушаххас нашудааст, аммо эҳтимолан ин сафар то қабл аз поёни соли милодь анҷом хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, ин дувумин сафари Замир Коблов ба Кобул аз рӯй кор омадани толибон дар Афғонистон хоҳад буд.
Аввалин сафари Замир Коблов дар моҳи марти соли 2022 анҷом ёфта буд.
Коблов пештар гуфта буд, ки масаълаи интиқоли қудрат дар Афғонистон ҳануз ҳал нашудааст ва Русия аз фаъолияти ДОИШ* дар шимоли Афғонистон нигаронаст.
Русия: Таъмини амнияти намояндагиҳои дипломатикӣ дар Афғонистон зарур аст
Ин нигаронӣ дар ҳолеаст ки ДОИШ* масъулияти ҳамла бар сифорати Русия дар Кобулро бар уҳда гирифта буд. Дар ин ҳамла ду дипломати аршади Русия кушта шуданд.
Ҳамзамон ДОИШ* ахиран ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобулро низ бар уҳда гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия бо ишора ба ҳамлаи ахир ба сафорати Покистон гуфт, талошиҳои бештар барои таъмини амнияти намояндагиҳои дипломатӣ дар Афғонистон бояд анҷом шавад.
* - Созмони мамнуъ дар қаламрави Русия