Ду сокини Севастопол, ки дар бораи иншооти низомӣ ба ҷониби Украина маълумот медоданд, бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шуданд. Дар ин бора ахиран ФСБ-и Русия хабар дод.
"Дар натиҷаи як қатор чорабиниҳо, фаъолияти ғайриқонунии ду шаҳрванди Русия, ки дар содир намудани хиёнат ба давлат муттаҳам мешаванд қатъ карда шудж. Онҳо дар ҷосусӣ ба манфиати Хадамоти амнияти Украина гумонбар мешаванд", — омадааст дар гузориш.
Гуфта мешавад, ки яке аз боздоштшудаҳо ҳанӯз дар соли 2016 аз сӯйи Хадамоти амнияти Украина ҷалб шуда буданд. Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия онҳо бар ивази пул дар бораи ҷойгиршавии иншооти Вазорати дифои Русия маълумот медоданд.
“Иттилооти мазкур метавонад бар зидди амнияти Русия истифода шавад ва ба қобилияти дифоии давлат зарар расонад",- навиштааст ФСБ.
Тобистони соли 2022 бо дастури Хадамоти амниятии Украина ин шаҳрванд ва як рафиқи дигараш сокини Севастопол ба ҷосусӣ ҷалб шуданд. Онҳо "тавассути интернети WhatsApp дар бораи иншоотҳои ФСБ-и Русия маълумот ҷамъоварӣ ва ба хадамоти амниятии Украина ирсол мекарданд”.