Сарвазири Муғулистон пас аз мавҷи эътирозҳо ба сокинони чӣ гуфт?

Сарвазири Муғулистон ба сокинон муроҷиат карда, онҳоро даъват кард, ки дар пасманзари эътирозҳо дар Улан-Батор оромиро нигоҳ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сарвазири Муғулистон Лувсаннамсрейн Оюун-Эрдэнэ аз мардум даъват кард, ки дар пасманзари тазоҳуроти густарда оромиро нигоҳ доранд ва ваъда дод, ки ҳамаро ҳал хоҳанд кард.
"Мо кор карда истодаем, ки ҳарчӣ зудтар тафтишот гузаронем. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ором бошед", - гуфт нахуствазир.
Пахши суханронии ӯ дар саҳифаи портали интернетии ikon.mn дар шабакаи иҷтимоӣ сурат гирифт.
Пас аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи дуздии ангишт ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллар чанд ҳазор эътирозгар дар назди Кохи ҳукумат дар пойтахти Муғулистон ба эътироз баромаданд.
Ба гуфтаи вазири адлияи ин кишвар, мақомоти Муғулистон аз ҳукумати Чин дархост доранд, ки ба таҳқиқи дуздии маводи сӯхт ҳамроҳ шавад, зеро давлат ҳудуди 86 дарсади содироти худро ба Чин мефиристад, ки беш аз нисфи онро ангишт ташкил медиҳад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳаҷми ангишти содиротӣ аз Муғулистон аз ҳаҷми воридшуда ба Чин фарқ мекунад.
Эътирозҳо дар Эрон ва Чин: Ғарб корти кӯҳнаро ба бозӣ даровард
Ба гузориши портали CentralAsia, ҳукумати Чин мансабдоронеро, ки дар дуздии ангишт аз Муғулистон даст доштанд, ба эъдом маҳкум кардааст.
Афзун бар ин, Улан-Батор аз Чин номи сиёсатмадорони Муғулистонро, ки дар дуздӣ даст доранд, аллакай гирифтааст.