Барандаҳои озмуни "Сад саргузашти пойтахт", ки ба корҳои хайри муҳоҷирон дар Маскав бахшида шуд, эълон гардиданд ва дар миёнашон зодаҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ҷоиза "Барои саҳм дар ташкили кор бо ҷавонони миллатҳои мухталиф"-ро, Итёрбек Туймамадов, зодаи ВМКБ гирифт.
Ба намояндаи дигари Тоҷикистон, зодаи ВМКБ Масрур Музаффарбеков ҷоиза "Барои дили меҳрубон ва кумак ба ниёзмандон" супорида шуд.
Музаффарбеков 10 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва аз назди пиронсолони ниёзманд бе дароз кардани дасти кумак гузашта наметавонад.
Ҷоизадори сеюм аз Тоҷикистон роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Бародарии ҷангӣ" дар ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Давлатов шуд. Вай дар номинаи "Таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва равобити байни миллатҳо" беҳтарин дониста шуд.