Паҳлавонони тоҷик барои роҳхат ба Олимпиада-2024 мубориза мебаранд

Дар мусобиқаи ҷудои Jerusalem Masters - 2022, 314 варзишкор аз 55 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд, Тоҷикистонро ҳамагӣ се варзишгар намояндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо - Jerusalem Masters 2022, ки рӯзҳои 20-22 декабр дар Исроил баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Бино ба иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар сабқати охирини мавсими имсола Тоҷикистонро 3 варзишкори маъруфи тоҷик: Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали сабқат – 20 декабр – рақобатҳо дар вазни 60, 66 кг миёни мардон ва 48, 52, 57 кг миёни занон, баргузор мешаванд.
Рӯзи дуюм — 21 декабр — куштигирони вазни 73, 81 кило миёни мардон ва дар вазни 63, 70 кило миёни занон баромад мекунанд.
Мусобиқа рӯзи 22 декабр бо рақобатҳо дар вазни 90, 100, +100 кило барои мардон ва 78, +78 кг миёни занон ба анҷом мерасад.
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард
Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқоти Jerusalem Masters - 2022 сабти ном шудаанд.
Ҷудочиён дар ҳар вазн мувофиқи мавқеъашон дар феҳристи ҷаҳонӣ рақобат мекунанд.
Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалҳо ва ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Порис мубориза мебаранд.