ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар ҳудуди Такоб дар гардиш ба мавзеи фароғатии "Сафедорак"-и ноҳияи Варзоб сангрезӣ ба амал омад, хабар медиҳад КҲФ.
"Субҳи 7 декабр, дар ҳудуди Такоб дар гардиш ба мавзеи фароғатии "Сафедорак"-и ноҳияи Варзоб, фурӯ рехтани кӯҳпора ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи гузориши КҲФ, барои бартараф кардани оқибатҳо техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт сафарбар шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи сангрезӣ хушбахтона талафоти ҷонию молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вале, дар ин росто КҲФ ба сокинон хотиррасон мекунад, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои гузашта, бахусус дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма, рехтани сангу ярч боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки бидуни зарурати таъҷилӣ ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.