ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Тими миллии Марокаш дастаи Испанияро шикаст дода, аз ҳаққи идомаи сабқат дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон-2022 маҳрум намуд.
Вақти асосии сабқат бидуни гол анҷом ёфт ва дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ тими Марокаш бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Акнун тими Марокаш дар даври чорякниҳоӣ бо футболбозони португалӣ вориди сабқат мешаванд, ки дар марҳилаи чорякниҳоӣ дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби 6:1 мағлуб намуданд.
Дар бозӣ бо Швейтсария сармураббии тими Португалия, Фернанду Сантош яке аз ситораҳои тими ин кишвар, Криштиану Роналдуро ба бозӣ ворид накарду дар ҳайати захиравӣ гузошт.
Гонсалу Рамуш, ки ҷои Роналдуро ҳамла гирифт, дар дақиқаҳои 17, 51, 67 тавонист голҳоро ба дарвозоаи ҳариф ворид намояд. Инчунин як голиро аз ҳайати тими Португалия Пепе дар дақиаи 33, Рафаэл Геррейру дар дақиқаи 55 ва Рафаэл Леау дар вақти иловагӣ вориди дарвозаи Швейстария намуданд.
Худи Роналду танҳо дар дақиқаҳои охири бозӣ ба майдон баромад, аммо голеро ба ҳадаф нарасонд.
Як голи тими Швейтсарияро ба дарвозаи Португалия, Мануэл Аканҷӣ дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ ҳамаи иштирокдорони даври чорякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Катар муайян шуданд.
Дар ин давр тими миллии Хорватия 9 декабр бо Бразилия вориди сабқат хоҳад шуд. Ҳамчунин тими Нидерландия бо Аргентина рӯзи 9 декабр зӯрозмоӣ мекунад. Бозии Фаронса бо Инглистон ва Марокаш бо Португалия 10 декабр дар назар мебошад.