Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар фазои дӯстӣ: Душанбе аз натиҷаи гуфтушуниди нави марзӣ бо Қирғизистон хабар дод

Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи 6 рӯзи аввали моҳи декабр дар Бодканд гуфтушунид кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи беш аз 17 километр марзи муштараки дигарро мувофиқа кардаанд.
Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 1 то 6 декабр дар шаҳри Бодканд баргузор шудаст, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, нақшаи вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа кардаанд.
Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи ноябри соли равон раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев дар Душанбе масоили марзиро баррасӣ карда, протоколи ҷадидро имзо намудаанд. Тафсилоти ин протокол ироа нашуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зас: Доманаи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон густардатар мешавад
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Дар пайи ин таниш Ятимов ва Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд. Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.