Тамоси ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони Русия ва Украина: чиро баррасӣ доранд?

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия изҳори умед кард, тамоси башардӯстонае, ки бо ҳамтои украинияш барқарор кардааст, канда нахоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Омбудсмени Русия Татяна Москалкова дар мулоқоти охираш бо омбудсмени Украина Дмитрий Любинетс имкони аёдати маҳбусони маҷрӯҳшударо баррасӣ кардааст.
Дар ин бора Маскалкова дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар мавриди рӯйхати афроди гумшуда табодули назар кардаанд.
"Вохӯрии охирини мо дар Брюссел, рӯ ба рӯ буд, 3 даври ин мулоқотҳо баргузор шуд. Мо мубодилаи рӯйхат, мактубҳо барои ҷустуҷӯи гумшудаҳо ва агар имкон бошад аёдати зиндониёни маҷруҳро баррасӣ кардем", - гуфт ваколатдори ҳуқуқ.
Вай илова намуд, ки имкони боздидаш аз маҷруҳон дар Украина ва аёдати Любинетс аз ҷароҳатбардоштагон дар Русия баррасӣ гардид.
Москалкова афзуд, ки бо Любинетс дар бораи чанд парвандаи мушаххас мувофиқат кардааст, ки аз ҷумла яке марбути дигарбора ба ҳам овардани кӯдак бо модараш мебошад.
Ҳамчунин мактуб ба як асири украинӣ, расонидани кумаки тиббӣ аз масоили дигари мулоқотҳои ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони ду кишвар арзёбӣ шудаст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Мардуми Украина аз низоми миллатгаро халос хоҳад шуд
"Имрӯз мо пайваста бо ӯ дар тамос ҳастем - ё ман ё кормандони дастгоҳи ман, ки бо дастгоҳи ӯ ҳамкорӣ мекунанд ва ман мехоҳам, ки ин пули башардӯстона танҳо аз пояҳои инсонпарварӣ фаъолият кунаду касе натавонад онро ангезаи сиёсӣ диҳад", - гуфт ваколатдор.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.