ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Машҳади Эрон конфронс дар бораи тақвияти имконоти тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар ин кишвар баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Иран.ру” дар истинод ба Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки чорабинии мазкур, аз сӯйи утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин ҳамоиши тиҷорӣ бо ҳузури ҳайъати тиҷории Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ҳошияи конфронс мулоқотҳои B2B миёни тоҷирони ду кишвар дар назар аст. Инчунин тоҷирони ду кишвар дар бахшҳои саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасониҳои техникӣ ва муҳандисӣ баргузор табодули назар хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон як ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиҷорат ва саноат имзо шуда буданд.
Ҳамзамон имрӯзҳо дар Теҳрон Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон оғоз ба кор кардааст.
Ду тараф дар фазоӣ дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ,фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо ва гурӯҳҳои кори, пайгирии тавофуқот ва тавсиаи ҳамкориҳоро мавриди барраси қарор медиҳад.