Мақомоти Хатлон гуфт барои зимистонгузаронӣ чӣ қадар ангишт захира кардааст

Мақомоти Хатлон барои баррасии вазъи зимистонгузаронӣ ҷаласаи махсус гузаронида, дар он аз мушкилоту ҳаҷми захираҳои ангишт дар вилоят гузориш доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ дар бораи вазъи зимистонгузаронӣ баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа мақомоти вилояти Хатлон хабар долдааст, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таъминоти ангишт 11 ҳазору 866 тонна ё 100,5 дарсад, иҷро гардидааст.
Инчунин таъминоти ҳезум ба 24 ҳазору 963 м3 ё 102,3 дарсад, таъминот бо сӯзишвории дизелӣ бошад, 61 ҳазору 865 литр ё 102 дарсад ва шишабандӣ 100 фоиз расонида шудааст.
“Дар мувозинаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо 312 дегхона мавҷуд буда, 213 адад он дар ҳолати корӣ қарор дорад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар муассисаҳои тиббӣ захираи ангишт 130 дарсад (653,3/854,6), ҳезум 111,9 дарсад (2480/2773), сӯзишвории дизелӣ 107 дарсад (21,1/22,6) таъмин гардидааст.
Раиси ВМКБ: Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ қонеъкунанда нест
Таъкид шудааст, ки дар рафти ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисоботҳо манзур гардида, оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.