ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Назри Муҳаммадвалӣ бо хоҳиши худаш аз вазифи муовини раиси суди вилояти Хатлон озод карда шудааст.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст. Сабаби истеъфои Назри Муҳаммадвалӣ, ки аввали соли 2020 ба мақоми ноиби раиси суди Хатлон таъйин шуда буд, маълум нест.
Инчунин бо фармони президент, Расулзода Нуриддин Ғафор аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, раиси суди вилояти Хатлон таъин шуд.
Аҳёзода Шамсулло Салим, ки то ҳол муовини раиси суди вилояти Хатлон буд, ноиби якуми раиси суди вилоят шуд.
Наимзода Пайрав Сулаймонӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод гардида, мақоми муовини раиси суди вилояти Хатлонро гирифт.
Табарзода Изатулло Сафар бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон озод гардида, дигарбора муовини раиси суди вилояти Хатлон таъйин карда шудаст.
Инчунин Наҷмидинзода Садриддин Сайфидин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин гардидаст.