Имзои тавофуқнома ҷадиди ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон

Поздаҳумин иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон ба анҷом расид, ки дар он ҳашт ҷонишин ва муъовини вазири эронӣ ва тоҷикистонӣ ҳузур доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар анҷоми 15-умин иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон як тавофуқнома бо мавзуъоти иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва муҳити зист ба имзо расид, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири неруи Эрон пас аз имзои ин тавофуқнома ба хабарнигорон гуфт, ин тавофуқнома муқадимаи рушди равобити тиҷорӣ байни ду кишвар мебошад, ки ҳамакнун мизони он 300 миллион доллар аст.
Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст аз омодагии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Эрон дар ҳамаи заминаҳо ба вижа дар заминаҳои қайдшудаи ин тавофуқнома хабар дод.
Гуфтани аст ин тавофуқнома дар ростои таҳаққуқ барои шаш тавсиъа ва фаъол шудани дипломосии иқтисодӣ сурат гирифта аст.
Дар Машҳад имкони тақвитяи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон як ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиҷорат ва саноат имзо шуда буданд.
Ҳамзамон имрӯзҳо дар Теҳрон Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон оғоз ба кор кардааст.
Ду тараф дар фазоӣ дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ,фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо ва гурӯҳҳои кори, пайгирии тавофуқот ва тавсиаи ҳамкориҳоро мавриди барраси қарор медиҳад.