ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири дифои толибон Муҳамадёқуби Муҷоҳид, ки ба Абузабӣ сафар кардааст бо шуморе аз афғонҳои муқими ин кишвар дидор кардааст, иттилоъ додааст расонащои дохилӣ.
Тибқи иттилои расонаҳо сухангӯии вазорати дифои толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки Мулло Ёқуб дар дидор бо афғонстониҳои муқими Иморот мушкилоти ҳамватанони муқуми Иморотро шунида ва изҳор кардааст Афғонистони хонаи тамоми афғонстониҳост ва бояд ҳамагӣ чӣ дар дохил ва дар хориҷ ба сар мебаранд дар Афғонистони сармоягузорӣ намоянд.
Вай илова кард, ки ҳама боҳам бояд дар ростои ободии кишвар саҳимгузор бошем.
Бояд гуфт, ки ҳайати толибон ба раёсати вазири дифо ва шуморе аз мақомҳои толибон ахиран ба Абузабӣ сафар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд ва ҳануз ба сиёсати таравӣ, таҳаҷҷур ва сиёсати истибдодии хеш таъкид доранд.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, ки аз ибтидо ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони талоши худро барои ҳалли мусолиматомези мушкили кишвар ва боз кардани дарвозаҳои гуфтугӯ бо толибонро амалӣ кард.