Мубодилаи коло миёни Тоҷикистону Эрон 300 дарсад афзоиш ёфт

Вазири неруи Эрон дар иҷлоси комисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон аз рушди 300 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон дар соли 2022 хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири неруи Эрон Алиакбари Меҳробиён дар маросими имтифтоҳияи понздаҳумин иҷлоси комисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки сатҳи мубодилоти ду кишвар дар соли 2022 нисбат ба соли қабл рушди 300 дарсади дошта аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Pars Today”.
“Умедворем дар сояи ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон ин рушд дар моҳҳо ва солҳои оянда низ идома ёбад”,- афзуд оқои Меҳробиён.
Вазири неруи Эрон таъкид кард сатҳи мубодилоти иқтисоди байни Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2013 аз рушди бештари бархурдор буд, ки дар солҳои баъд он коҳиш ёфта аст.
Меҳробиён нуктаи боризи понздаҳумин комисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро ҳузур як ҳайат аз олитарин мақомҳои ду кишвар дар он донист, ки бахшҳои мухталифи об, энержӣ, фарҳангӣ ва ғайра аст.
Баргузории комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон
Вазири неруи Эрон ибрози умедвори кард дар поёни иҷлоси комисяи мушараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ду тараф ба тавофуқоти муҳими даст ёбанд.
Далери Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкориҳои созанда байни Эрон ва Тоҷикистон оғоз шуда аст.
“Ин ҳамкориҳо дар қолаби баргузории намоишгоҳҳо ва ҳамчунин сармоягузори дар бахшҳои мухталифи саноати ва ғайра иҷро шуда аст”, - илова кард ӯ.
Понздаҳумин комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.