КҲФ рӯзҳои хатарзои декабрро дар Тоҷикистон эълон кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз барфрезиҳои шадид дар рӯзҳои наздик дар навоҳии кишвар ҳушдор додаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тоҷикистонро то анҷоми даҳрӯзаи аввали моҳи декабр хунукии шадид ва боришоти зиёди барфу борон интизор аст, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, то 9 декабр дар водиҳо борону барфи тар ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барфрезии шадид сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ ба сокинону шаҳрвандони ҷумҳурӣ чанд тавсия ироа намудааст. Аз ҷумла хостаст, ки ҳангоми истифодаи гармкунакҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.
"Нерӯи барқро сарфакорона истифода баред. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя намоед", - таъкид намудаст КҲФ дар хитоб ба шаҳрвандон.
Ин дар ҳолест, ки аллакай 5 декабр дар Душанбе барфи аввал борида, дар навоҳии кӯҳӣ барфрезӣ шиддат гирифтааст.
Аз ҷумла аз километри 10 то 73 - юми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дорад, хабар додааст ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS.
Маҳдудияти ҳаракат барои боркашҳо дар масири Душанбе - Хуҷанд: шарҳи IRS
Ин ширкат, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз маҳдудияти ҳаракат барои мошинҳои боркаши калон ё худ фураҳо хабар додаст.
"Ҳоло ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, имконпазир аст", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи ширкат.
Таъкид шудааст, ки муваққатан маҳдуд кардани гузариши Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор ба он хотир аст, то ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод нагардад.
Аз ронандагон хоҳиш карда шудаст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя ва ба ҳолати техникии автомобилҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.