ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ду парвандае, мштарак “Ҷашни Меҳргон” ва “ҳунари сохтан ва навохтани сози рубоб”, ки аз сӯйи Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон дар 17-умин нишасти Кумитаи байни давлатҳои посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс пешниҳод шуд, ноком монданд.
Ин ду пешниҳод аз сӯйи ЮНЕСКО пазируфта нашуданд.
Мустафо Пуралӣ, мудири кулли сабту ҳарими осору ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ ва табиии Эрон, ки дар нишасти Марокаш ҳузур дошт, таъйид кард, ки ин ду парванда пешниҳод шудаанд.
“Дар воқеъ, ЮНЕСКО вақте парвандаеро рефер мекунад ё баргашт медиҳад, ин фурсатро ба кишварҳо медиҳад як бори дигар онро ислоҳ кунанд то дар иҷлоси баъдӣ дубора матраҳ шавад”, - гуфт ӯ.
Парвандаи “Ҷашни Меҳргон", ки муштарак байни Эрону Тоҷикистон таҳия шуда, нахустин бор нест, ки пешниҳод мешавад, Эрон тирамоҳи қаблан дар понздаҳумин нишасти кумитаи байни давлатҳои мероси фарҳангии номалмӯс, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, ҷашни Меҳргонро муштарак бо Тоҷикистон барои сабт ба ЮНЕСКО муаррифӣ карда буд, аммо дар он давра ҳам пазируфта нашуд.
Ёдовар мешавем, ки дар 17-умин нишасти Кумитаи байни давлатҳои посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар шаҳри Работи Марокаш, 46 унсур барои сабт дар феҳристи муаррифии мероси фарҳангии ЮНЕСКО номзад шуданд, ки аз Эрон низ шаш парвандаи муштарак ё чандмиллиятӣ бо унвони " Ялдо/чилла" (дар ҳамкорӣ бо Афғонистон), “ҳунари сохтан ва навохтани уд” (муштарак бо Сурия), “ҳунари сохтан ва навохтани рубоб" (муштарак бо Тоҷикистону Ӯзбекистон), “Ҷашни Меҳргон" (муштарак бо Тоҷикистон), “сӯзандузии туркман" (муштарак бо Туркманистон) ва "парвариши кирми абрешиму тавлиди суннатии абрешим барои бофандагӣ" (муштарак бо Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистону Узбекистон) пешниҳод шуда буд.
Таъкид шудааст, ки чаҳор унсури пешниҳодшуда муҳри таъйиди ЮНЕСКО-ро гирифтанд.
“Шаби Ялдо”, "ҳунари сохтан ва навохтани сози уд", "сӯзандузии туркман" (туркмании дузӣ) ва "парвариши кирми абрешиму тавлиди суннатии абрешим барои бофандагӣ", чаҳор парвандаи мушорикатии Эрон буданд, ки ба феҳристи ҷаҳонии мероси номалмуси ЮНЕСКО роҳ пайдо карданд.