ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Инчунин тарафҳо дар атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои муштарак ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон зоҳир гардид.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.
Тибқи иттилои вазорати хориыа сатҳи баланди муносибатҳоро бо заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит месозад, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.