ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон барфу боронгариҳо шуда, дар ноҳияҳо тормеғ мефарояд, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ борону барфрезӣ фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Хатлон ҳавои қисман абрнок,дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 1+6 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борону барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳавои абрнок фаро гирифта, барфи тар меборад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.