Дафтари матбуоти Росриболовство хабар медиҳад, ки дар соҳили баҳри Хазар дар Доғистон ҳудуди 700 мурдаи саги дарёӣ пайдо шуд.
"Дар соҳили баҳри Хазар, дар ноҳияи Кировскии Махачқалъа, дар қитъаи Анбори нафт то лаби дарёи Сулак мурдаи сагҳои дарёӣ ба миқдори 650-700 сар дарёфт карда шуд", - омадааст дар гузориш.
Чунон ки манбаъ хабар дод, кормандони Росриболовство Қафқози Шимолӣ ба тадқиқи соҳили баҳри Хазар дар минтақаро оғоз карданд.
Ба ақидаи онхо шумори хайвоноти фавтида метавонад зиёд бошад. Сабаби эҳтимолии марги онҳо ҳанӯз муайян нашудааст.