Аз пахта то мандарину чормағз: тоҷикистониён арчаи солинавиро чӣ гуна оро медиҳанд

Чормағз, мандарин, себ, пахта, ситора ва дигар меваю ашёҳо, хусусиятҳои хоси оро додани арчаи солинавӣ дар Тоҷикистон мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Гарчанде дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон ёфт мешаванд, нафароне, ки таҷлили Соли нав ва оро додани арчаи солинавиро хилофи суннат медонанд, аммо дар маҷмуъ тоҷикистониён ҷашни Соли нави мелодиро дӯст медоранд ва онро бешубҳа бо арчаи сабзу хуррам пешвоз мегиранд.
Далели ин гуфтаҳо арчаи асосии кишвар дар шаҳри Душанбе аст, ки бо ҳазорон чароғҳои рангоранг оро дода шудааст ва дар қиёс бо соли гузашта, на моҳи декабр, балки барвақттар миёнаҳои моҳи ноябр оро дода шуд.
Ногуфта намонад, ки бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон арчаи асосӣ макони худро низ иваз карда аз майдони Исмоили Сомонӣ ба майдони тозабунёди “Истиқлол” кӯчид. Sputnik Тоҷикистон вижагиҳои оро додани арчаи солинавиро дар манотиқи гуногуни кишвар муайян кард.
Тоҷикон арчаи солинавӣ - дарахти ҳамешасабзро ҳамчун рамзи сарсабзию шукуфоии хонавода оро медиҳанд. Аз авохири моҳи ноябр сокинони кишвар дар тараддуди харидани рамзи асосии Соли нав мешаванд, вале на дар ҳамаи минтақаҳои кишвар арча аз бозор оварда мешавад.
Маълум шуд баландии арчаи асосии кишвар чанд метр аст

Танҳо арчаи зинда

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анъанае мавҷуд аст, ки дарахти арча бояд зинда бошад. Шояд яке аз сабабҳояш умуман набудани арчаи сунъӣ дар бозорҳои дурдасттарин манотиқи кишвар бошад, вале мардум бовар дорад, ки танҳо дарахти зинда ҳавои воқеан солинавӣ эҷод мекунад.
Барои овардани дарахти зинда дар деҳаҳои гуногуни вилоят мардон гурӯҳҳо ташкил карда, аввал арчаи асосии деҳа, ки бояд баланду зебо бошад, аз кӯҳ мефароранд ва баъдан арчаҳои худттарро ба хонаяшон медароранд. Вале, овардани арча аз кӯҳҳо кори осон нест ва хатарнок ҳам ҳаст.
“Ман дар ёд дорам, махсусан солҳои кӯдакиям (солҳои 1995-1999) падару амакҳоям барои овардани арча ба кӯҳ мебаромаданд. Барф то зону, вале барои шод кардани хурдтаракон ва эҷод кардани ҳавои солинавӣ онҳо ба хатарҳои тармафароӣ ҳам нигоҳ намекарданд ва арчаи зиндаро меоварданд”, - нақл мекунад Сайлигул зодаи деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони ВМКБ.
Гарчанде имрӯзҳо дар бозорҳои ВМКБ арчаи сунъӣ низ фаровон фурӯхта мешавад, ин анъана аз насл ба насл гузаштааст ва имрӯзҳо ҳам ҷавонон талош мекунанд, ки дар Соли нав арчаи зинда оранд.
“Интихоби ҳар хонавода ҳаст. Мо аз хурдӣ, ки дар ёд дорам доим арчаи зинда меовардем ва имсол ҳам ман тасими гирифтам ҳамроҳи рафиқам ба кӯҳ мебароем ва арчаи зинда меорем”, - гуфт Темур сокини деҳаи Шуҷанди ВМКБ.
Дар баробари анъанаи арчафарорӣ дар ин минтақа он бо вижагиҳои хос оро дода мешавад. Мардум дар ороиши ин разми солинавӣ аз меваҳо фаровон истифода мекунанд.
“Мо дар сари арча ситора мегузорему, бехашро бо пата баҷо мекунем, ки гӯё дар барф ғарқ аст. Гоҳе чормағзу мандаринро ба ришта кашида ба арча овезон мекунем. Гоҳе себҳои зимистониро овезон мекунем”, - нақл кард Шоира.

Хонаи солинавӣ

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, арчаро аз бозор харидорӣ мекунанд. Одатан дар Хуҷанд ва навоҳии атроф арчаро бо бозичаҳо ва чароғҳои рангоранг оро медиҳанд, вале ин ҷо бештар ба оро додани манзилҳо бо атрибутҳои солинавии “handmade” таваҷҷуҳ доранд.
Дархости ВУД аз ҷавонону наврасони тоҷик: оромиро дар Соли нав халалдор накунед
“Хонаҳоямонро бо гулҳои коқазӣ оро медиҳем. Аз коғаз гулҳо, пахта, барфча, сохта ба кунҷҳои хона ва марказӣ он насб мекунем. Ин корро дар хурдӣ ҳам мекардему имрӯз ҳам анҷом медиҳем”, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд Майсара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки албатта бехи арчаро бо пахта сафед мекунанд ва дар гӯшаҳои дарахт низ пахтачаҳо мечинанд, ки гӯиё болои арча барф боридааст.

Ҳавои солинавӣ

Дар вилояти Хатлон, ки гармтарин манотиқи Тоҷикистон аст, дар қиёс бо шимолу шарқи Тоҷикистон, ба маросими оро додани арчаи солинавӣ таваҷҷуҳи зиёд нест. Шояд сабабаш ҳавои гарми фасли зимистон, аз 10 то 25 дараҷа гармӣ ва набудани бориши барф бошад. Вале, ба ҳар сурат арчаи солинавӣ дар ҳар хонадони ин минтақа оро дода мешавад.
“Мо бештар арчаҳои сунъӣ харидорӣ мекунем ва онро бо чароғҳои рангоранги электрикӣ оро медиҳем. Бозичаҳои гуногун, гоҳо шаклҳои солро харида мечаспонем”, - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сокини ноҳияи Фархор Комрон.

Хаги-ваги ва арчаи сунъӣ

Гарчанде 97%-и Тоҷикистон кӯҳсор бошад ҳам, барои душанбегиҳо арчаҳои зинда дастнорастаранд, вале гоҳ-гоҳе дар бозорҳои машҳури пойтахт мешавад, арчаҳои кӯҳӣ ёфт, чуноне фурӯшандаҳои тоҷик мегӯянд, “ҳама чиз ёфт мешавад”.
Вале, аксарияти сокинони пойтахти муосир арчаҳои сунъӣ, бо чароғҳои рангоранги насбшуда харидорӣ мекунад, ки кори онҳоро дар оро додани он сабуктар мекунад. Гулчеҳра сокини шаҳри Душанбе мегӯяд аллакай омодагӣ ба соли навро оғоз кардааст. Ӯ аз бозори маҳаллӣ арчаи сабзи сунъӣ бо чароғҳои рангоранг харидааст.
“Бештар барои кӯдакон кӯшиш мекунам. Вақте арчаи бузургро дар майдони “Истиқлол” диданд, дарҳол талаб карданд, ки мо ҳам дар хона арча оро диҳем. Бозичаҳои гуногун гирифтем, ситора харидем”, - гуфт ӯ.
Русҳо метавонанд барои таҷлили Соли нав Тоҷикистонро интихоб мекунанд
Гулчеҳра мегӯяд, ӯ ҳамроҳи хоҳараш дар кӯдакӣ аз коғазҳо рамзҳои гуногуни солинавӣ бурида хонаро оро медоданд. Ҳоло кӯдаконаш ба ин чиз завқ надоранд.
"Онҳо бештар мехоҳанд ҳамаи чизи тайёрро харидорӣ кунем, вале дақиқан медонанд, ки ранги ин ё он бозича бояд чӣ гуна бошаду кадом рамз дар навбати аввал харидорӣ шавад. Хаги-вагиро дар назди арча посбон мондаанд”, - мегӯяд бо табассум сокини пойтахт.
Вале, ҳамаи минтақаҳои кишварро омода кардани халтачаҳои пур аз анвои ширинӣ ва мева барои кӯдакон муттаҳид мекунад. Албатта, эҷоди ҳавои ид бештар ба хотири кӯдакон сурат мегирад. Гарчанде тарзи оро додани арчаи солинавӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон фарқ кунад ҳам, вале ҳамаи онҳоро дарахти ҳамешсабзе, ки рамзи асосии Соли нав аст, ба ҳам меорад.