Тоҷикистонро зукоми мавсимӣ фаро гирифт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хуруҷи зукоми мавсимӣ хабар дода, аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар сартосари Тоҷикистон зукоми мавсимӣ хуруҷ намудааст. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ба агентии “Ховар” хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорат дар рӯзҳои наздик муроҷиатнома қабул мекунад ва онро дастраси сокинони мамлакат мекунад.
Ҷаъфаров изҳор доштааст, ки шаҳрвандони мамлакат набояд ба худтабобаткунӣ машғул шаванд, балки баръакс дар сурати пайдошудани нишонаҳои зуком зуд бояд ба табибони оилавӣ муроҷиат кунанд.
Қаблан, ин намояндаи Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳури навъи нави коронавирус мавҷуд нест, вале эҳтимолияти роҳ ёфтани он баланд аст. Зеро ин навъ вирус аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон зуҳур кардааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
COVID майнаи наврасонро пир кард - олимон
Гап сари “сербер” – навъи нави коронавирус меравад, ки аллакай дар 65 давлати дунё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон доман задааст.
“Ба тамоми бунгоҳҳои тиббӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии марзӣ дастур дода шуд, ки назоратро тақвият бахшанд. Бино ба додаҳои озмоишгоҳҳои вазорат, то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз зуҳури коронавируси навъи “сербер” сабт нашудааст, аммо эҳтимоли пайдо шудани он низ баъид дониста намешавад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки кори бунгоҳҳоро тақвият бахшем”, - афзуда буд Наврӯз Ҷаъфаров.