ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Олимону мутахассисони тоҷик қасд доранд, нашри нави сеюми Китоби сурхро таҳия кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ба иттилои манбаъ, аз аввали соли 2023 омӯзиш ва таҳияи нашри нави Китоби сурх оғоз мегардад.
Дар кумитаи мазкур бобати таҳия намудани нашри нави Китоби сурх бо иштироки 35 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносони соҳа мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар ҷараёни он талабот ва тартиби таҳиява нашри Китоби сурхи Тоҷикистон зикр гардид.
Манбаъ меафзояд, дар рафти муҳокима мутахассисон доир ба таҳқиқу омӯзиши намудҳои набототу ҳайвонот, ҷамъоварӣ ва коркарди маводҳои илмӣ, дараҷабандии намудҳо табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки рӯйхати намудҳои нави зери таҳдиди кобудшавӣ қарордоштаро бояд ба нашри нави Китоби Сурх илова кард.Тибқи талаот ва тартиби таҳия ва нашри Китоби сурх, он бояд ҳар даҳ сол аз нав таҳия карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш ба Китоби сурхи Тоҷикистон ду намуд парранда: яке кабки тибетӣ ва дигаре кабки ҳимолойӣ ворид шуданд.
Ин ду кабк ҳам аз ҷиҳати ҷусса ва ҳам ранг аз дигар намуди кабкҳо комилан фарқ мекунанд ва аз ин рӯ ба Китоби сурх дохил шуаднд.