ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар қитъаҳои Бодканд ва Исфара дар минтақаи Даҳма мулоқот карданд. Дар ин бора Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ширкат доштанд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз иғво ва ташдиди авзоъ миёни сокинони рустоҳои марзӣ ҷилавгирӣ мекунанд ва омили асосии сар задани нооромии ахирро мақомоти ҳудудии ВКД таҳқиқ мекунад.
Зикр гардид, ки ба ин минтақа гурӯҳи иловагии кормандони милитсия аз ҳр ду ҷониб фиристода мешавад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз вазъ дар қитъаи муштараки ҳифозати сарҳад ҳамкорӣ кунанд.
Тоҷикистон то ҳол расман ин қазияро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки нисфирӯзи 3 декабр миёни сокинони назидмарзии деҳаи Сомониёни Исфараи ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Куктоши Бодканд даргирӣ рух дод.
Шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро сангборон намуданд, ки дар натиҷа як сокини Сомониён ҷароҳати сахт бардошт ва зуд ба бемористони ҷамоати Чоркӯҳ интиқол дода шуд.