Ду сокини Рашт барои одамкушӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд

Маҳкумшудагон моҳи ноябр дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ як мардро дар назди чойхона “Болои об” то дами марг лату кӯб намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду мардро эълон кард, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ муттаҳам дониста мешаванд. Бо ҳукми додгоҳ муттаҳамон ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.
Бар хабари дафтари матбуоти Прокуратура генералии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш моҳи ноябр дар минтақаи Рашт рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ду сокини маҳаллӣ дар назди чойхонаи “Болои об” дар ҷамоати шаҳраки Ғарм машруботи спиртӣ истеъмол доданд.
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Зимнан, онҳо дар ҳолати мастӣ, як марди дигарро, ки ҳамроҳи дӯстони худ дар назди онҳо хӯрок ва машрубот истеъмол мекард, даъват намуданд ва ҳиссиёти автобӣ ӯро лату кӯб намуданд.
Манбаъ меафзояд, аз ҷароҳатҳои вазнин мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Қаблан, як сокини Панҷ низ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар ҳолати маст падари худро бо болға зада кушт.