ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вохӯрии навбатӣ доир намуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, аз 23 то 30 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Манбаъ ҷузъиёти ин вохӯриро ифшо накард ва ҳамчунин зикр нашуд, ки дар мулоқоти навбатӣ ҷонибҳо ба чӣ тавофуқ расиданд.
Танҳо қайд гардид, ки музокироти баъдӣ дар қаламрави Ӯзбекистон дар ояндаи наздик сурат мегирад.
Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.