ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Манобеи огоҳ мегӯянд сафорати Покистон аз вазири дифои толибон Мулло Ёқуб хоста буд, дар бораи масоили амниятӣ ва пайвандҳои дуҷониба бо муовини вазири хориҷаи Покистон Ҳано Раббонӣ гуфтугӯ кунад.
Як манбаи наздик ба толибон гуфт, Мулло Ёқуб нисбат ба сиёсатҳои Покистон дар қиболи Афғонистон нигарон аст ва ба ин тартиб хостааст нигаронии худро ба мақомҳои Покистон иброз кунад.
Аз замон рӯй кор омадани толибон то кунун чандин бор даргирии марзӣ миёни неруҳои покистонӣ ва афроди толибон рӯй додааст.
Бархе манобеъ низ мегӯйанд ки Мулло Ёқуб аз рафтори Покистон дар қиболи падараш мулло Муҳамад Умар бунёнгузори гурӯҳи толибон норозӣ аст.
Пештар низ вазири дифои гурӯҳи толибони Покистонро ба далел додани муҷаввиз ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ барои убур аз осмони ин кишвар ба самти ҳарими ҳавои Афғонистон ҳадафи интиқод қарор дода буд.
Ҳино Раббонӣ, муовини вазири хориҷаи Покистон ба унвони баландпоятарин мақом покистонӣ аст, ки пас аз канор рафтани Умрон Хон нахуствазири пешини ин кишвар аз қудрат ахиран ба Кобул сафар кардааст.
Ҳадаф аз ин сафар тақвияти муносиботи дутарафа дар ҳамаи бахшҳо эълом шудааст.