Тамринҳои низоми гурӯҳи "Вагнер" ― видео

Гурӯҳи наворбардории шабакаи телевизионии RT дар пойгоҳи пӯшидаи таълимии гурӯҳи “Вагнер” видеои тамринҳои низомӣ ва лаҳзаҳои ҳаёти онҳоро сабт карданд
Sputnik
Рӯзноманигорони шабакаи телевизионии RT тавонистанд ба пойгоҳи таълимии яке аз бастатарин гурӯҳи низомӣ - Вагнер бираванд. Пештар видеоҳои ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешуанд, вале то ҳол дар тамрингоҳи онҳо касе наворбардорӣ карда набуд.
Ба далели номи худ "Вагнер" сарбозони ин гурӯҳро аксар вақт "мусиқиназовон" меноманд. Ба хабарнигорони RT пойгоҳи асосии тамринии онҳо, ки дар ҷануби Русия воқеъ аст, нишон дода шуд.
Медведев украинҳоро мухолифи Русия намедонад
Наворҳои RT нишон медиҳанд, ки сарбозони Вагнер чӣ гуна тирандозӣ ва тактикаи ҳамла ва идораи техникаи вазнинро машқ мекунанд.
Хамаи тамриндиҳандагони ин пойгоҳ таҷрибаи чангӣ доранд.
"Ҳамааш дар дасти Украина": Лукашенко Киевро ба музокирот даъват кард
Зиндагии чанговарон хоксор аст — дар хаймаи ҳарбӣ катхо гузошта шудаанд, халтахои хоб ва оташдон мавчуданд, аммо ҷанговарон наметавонанд ҳамеша дар ин чо бимонанд — танҳо дар вақти хӯроки нисфирузӣ ва шабона, агар дар айни замон дарсҳои махсус набошад.
“Барои онҳое, ки дер боз бо чунин кор машғуланд, шароити хуб муҳайё карда шудааст”, — кайд кард ҷанговари Вагнер.