ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қарор аст, ки ин пешниҳод дар ҷаласаи 7-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дар Марокаш эълон шавад, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Инчунин, зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба монанди “Ҷашни Меҳргон”, “Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Санъати сохт ва рубобнавозӣ” ва "Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Таъкид шудааст, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.
Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.
Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.