ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар соли 2017 Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд маркази маъмурии Суғд расман дари худро боз намуд.
Масъулони Россотрудничество бо баргузории як чорабинӣ аз солгарди таъсисёбии ин марказ таҷлил намуданд.
Иван Иванов, роҳбари Россотрудничество дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи таъсисёбӣ ва комёбиҳои ин марказ таъкид кард.
"Панҷ сол, дар назари мо ин фурсат хеле зуд гузашту рафт, вале ин солҳо хушку холӣ набуданд, балки дар зимн комёбиву муваффақиятҳое доштанд, ки ҳоло мо метавонем онҳоро муқоиса намоем", - афзуд, роҳбари Россотрудничество дар Тоҷикистон.
Иванов дар бораи нақши макотиби Суғд ишора кард, ки аз рӯзи таъсисёбии Россотрудничество, барои рушду густариши ҳамкории илмӣ ва фарҳангии дуҷониба пайваста ва дар шаклгирии кори онҳо мусоидат намуданд.
Роҳбари Россотдурдничество бунёди панҷ мактаби муосири русӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ки якеи он дар Хуҷанд сохта шудааст, заминаи густариши муносибатҳои илмӣ - фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия арзёбӣ кард.
Дар маросими таҷлил аз солгарди таъсисёбии Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд гуфта шуд, ки барои боз ҳам густариш пайдо намудани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг кӯшиши зиёд ба харҷ дода хоҳад шуд.