Ҳайати тиҷории вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Дар шаҳри Душанбе таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳайати тиҷоратии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон таҳти сарварии Муовини Ҳокими вилояти Қашқадарё Уткирҷон Қодиров бо муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов мулоқот намуданд.
Дар мулоқот дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ибрози назар карданд.
Дар рафти мулоқот, инчунин, бо мақсади пайдо намудани шарикони ҳамто аз вилояти Қашқадарё намояндагони 6 корхонаҳои миёнаву бузурги самти соҳаҳои омехта, аз ҷумла истеҳсоли чарм ва пояфзол, дару тиреза, мебел ва таҷҳизотҳои маишӣ низ иштирок намуданд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия якҷо мубориза мебаранд
Ҳамзамон, аз ҷониби Тоҷикистон 4 намояндагони бахши хусусӣ, ки дар самтҳои соҳаҳои болозикр фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот Ҳайдар Раҷабов ба меҳмонон дар бораи вазъи иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳҳои тахассусӣ ва универсалӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани маҳсулотҳои ватанӣ дар вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумотҳо дод.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот дар бораи таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.