ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.
Тибқи иттилои манбаъ роҳбарони ду кишвар зимни суҳбат масоили мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои муштаракро баррасӣ карданд.
"Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки ояндадорро баррасӣ кард", - хабар додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафари президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Русия сурат гирифт, ки дар он масъалаи таъсиси иттиҳоди сеҷонибаи Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон эълон шуд.
Валдаимир Путин гуфт, ки бояд як навъ иттиҳоди сеҷониба газь таъсис диҳем ва ӯ ба президенти Ӯзбекистон занг мезанад.
Дар щамин ҳол Кохи Кремлин иқдоми ташкили Иттиҳодияи газии Русия Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба нафъи ҳар се кишвар аст.