Боздошти ду ҳазор нафар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон

Масъули мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи ҳукумати муваққати толибон аз боздошти ҳудуди ду ҳазор нафар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Масъули мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи ҳукумати муваққати толибон Абдулҳақ Ҳамкор ахиран эълон кардааст, ки дар давоми як сол 45 тонн маводи мухаддирро низ кашф ва забт кардаанд.
Вай илова кард, ки дар давоми як сол ҳудуди ду ҳазор нафар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.
Вай меафзояд, ки пас аз ин ҳеҷ касе иҷозаи кашф, ҷараёни хариду фурӯши маводи мухаддирро надорад ва бо мутахаллифон бархурди қонунӣ сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш дар гузоришаш гуфта буд авоиди тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон аз ба беш аз як миллиард доллар дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
Инчунин СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон аз афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.