ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон медалҳои панҷумин Ҷоми кушоди Қазоқистонро оид ба шиноварӣ ба даст овард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар Алмаато мусобиқаи устодон барпо гардид. Дар маҷмӯъ, шиноварони тоҷик 19 медал гирифтанд.
Тоҷикистонро се нафар - Аҳмадҷон Умаров байни шиноварони то 69-сола, Шуҳрат Гадоев байни шиноварони то 50-сола ва Екатерина Бардачева байни ҷавонони то 24-сола намояндагӣ карданд.
Мусобиқа аз рӯи 5 намуди шиноварӣ барпо гардид.
Ҳамин тариқ, Аҳмадҷон Умаров дар байни устодони варзиш соҳиби 4 ҷоизаи тило ва нуқра гардид.
Шӯҳрат Гадоев дар байни иштирокчиёни то 54-сола, 7 медал, аз ҷумла 3 тило ба даст овард.
Екатерина Бардачева бо 3 медали тило ва 1 нуқра мукофотонида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки ин устодони варзиш дар Мактаби махсуси варзишии резервҳои олимпии рақами 4-и пойтахт тамрин мекунанд.