Тоҷикистон бештар аз тариқи Гурҷистон ба харидории мошинҳо шурӯъ кард

Тоҷикистон хариди мошинҳоро аз кишвари Қафқози Ҷанубӣ дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан дубаробар афзоиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Аз аввали соли 2022 боз содироти мошинҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 61% афзоиш ёфтааст.
Ин омор аз маълумоти Идораи миллии омори Гурҷистон оварда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар давраи аз январ то сентябр ҳаҷми реэкспорт 8,7 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле ки як сол қабл ин рақам ба 5,4 миллион доллар баробар буд.
Дар давоми нуҳ моҳ ба Точикистон 1,47 ҳазор мошин ворид шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид карда буд.
Бар хабари Хадамоти гумруки кишвар, ҳаҷми воридоти ин навъ худравҳо 3,4 миллион долларро ташкил додааст.
Афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон
Нахустин мошинҳои барқӣ дар авоили соли ҷорӣ вориди кишвар шуданд, ки бо ибтикори ҳукумати шаҳр ва ширкати "Як такси" сурат гирифта буд.
Ҳама мошинҳои электрикии модели Volkswagen e-Lavida мебошанд. Инҳо мошинҳои бесадое, ки бо нерӯи барқ ​​кор мекунанд. Батареяҳои ин худравоҳо дар 30 дақиқа барқ ​​мегиранд ва 300 километр бо он ҳаракат мекунанд.