Шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ

Ширкати IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ машғул аст, мегӯяд новобаста аз барфрезии шадид роҳ боз аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бо вуҷуди боридани барфи зиёд шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт боз аст, мегӯяд ширкати IRS, ки масъалияти нигаҳдории ин роҳро ба зимма дорад.
Манбаъ меафзояд, шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои кӯҳии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бориши барфи зиёд сабт шудааст.
“Субҳи 29 ноябр бориши барф ҳамоно идома дорад. Кормандони ширкат пайваста роҳро бо маводи зиддилағзиш тоза мекунанд”, - омадааст дар хабарномаи IRS.
Ба ҳамин минвол, ҳоло роҳе, ки қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахт мепайвандад, барои ҳамаи намуди нақлиёт боз аст.
IRS масири Душанбе-Чаноқро ба рӯи якқатор мошинҳо баст
Қаблан дар ин роҳ тармаи нахустин дар мавсими имсола фаромада буд ва роҳро барои як муддат баст.
Ҳарчанд ҳоло роҳ боз бошад ҳам, дар сурати зиёд боридани барф ва ба вуҷуд омадани тамбашавии мошинҳо эҳтимол ин масир боз баста шавад. Ва ё ҳаракат барои мошинҳои боркаш муддате маҳдуд шавад.