Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи шаҳри Хоруғ автобус тақдим кард

Нақлиёти туҳфакардаи мири шаҳри Душанбе ба омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хизмат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои Донишгоҳи шаҳри Хоруғ як адад автобуси мусофибар ҳадя намудааст.
Бар хабари котиботи донишгоҳи мазкур, нақлиёти туҳфакардаи мири Душанбе ба омӯзгорон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ хизмат хоҳад кард.
Дар хабарномаи донишгоҳ омадааст, ки донишҷӯёну омӯзгорон аз раиси шаҳри Душанбе барои таваҷҷӯҳ ва дастгириҳо миннатдоранд.
Шаҳрдории Душанбе боз 30 автобуси AKIA ворид мекунад
Ёдовар мешавем, ки қаблан дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки Рустами Эмомалӣ ба се шаҳру ҳафт ноҳияи Тоҷикистон 37 адад нақлиёт ҳадя мекунад.
Нақлиётҳои ҳадякарда аслан мошинҳои борбар, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофирбарӣ мебошанд, ки ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол мегардаднд.
Дар феҳрасти шаҳру ноҳияҳо, минтақаи ВМКБ зикр нашуда буд, шояд пасон раиси шаҳр тасмимашро дигар кард ва ба шаҳри Хоруғ низ як адад нақлиёт фиристод.