ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Русия тасмим гирифтааст, шумори квотаҳои таҳсилотӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Русияро ба маротиб афзоиш диҳад.
Дар ин бора Семён Григорьев, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни боздидаш аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар додааст.
"Русия кумаки худро дар омода кардани кадрҳои баландихтисос, ҷудо кардани ҷойҳои буҷетӣ дар донишгоҳҳо идома медиҳад. Соли оянда ин рақам метавонад ба ҳазор ҷой бирасад", - таъкид кард дипломати рус.
Григорев зимни суханронӣ дар донишгоҳ қайд кард, ки дар тӯли 30 соли охир байни ду кишвар бисёр рӯйдодҳои муҳим ба сурат гирифтааст ва барои тақвияти ҳамкориҳо заминаи мустаҳкам гузошта шудааст.
“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ шарики стратегӣ ва муттаҳиди Русия буд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, "ҳоло равобити ду кишвар беш аз пеш боло рафтааст, робитаҳо дар ҳама самтҳо фаъолона рушд меёбанд, таҳкурсии мустаҳками онҳо муколамаи эътимодбахш, самимӣ ва дӯстона мебошад".
Ёдовар мешавем, ки сафири Русия дар Тоҷикистон ахиран аз Донишгоҳи миллии кишвар дидан кард. Ба дипломат дафтари муҷаддади Бунёди “Русский мир”-ро намоиш доданд ва ӯ ҳамчунин дар ҷашнвора бахшида ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 теъдоди квотаҳои таҳсилотӣ барои Тоҷикистон алакай аз 630 ба 750 адад расонида шуд.