Осеб дидани 422 нафар аз газидани саг дар Хатлон

Ду нафар сокини вилояти Хатлон, ки баъд аз газидани саги бемор сари вақт ба табибон муроҷиат накарданд ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар давоми 10 моҳи соли равон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 422 нафар аз газидани саг осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар ин миён кудакону наврасон бештаранд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тавре мудири шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов Назарзода Ҳасан Насрулло, иттилоъ додааст, давоми соли ҷорӣ бо осеб аз газидани саг 422 нафар ба онҳо муроҷиат карданл.
Вай гуфт, онҳо сари вақт ба табобат фаро гирифта шудаанд ва бе ягон оқибатҳои хатарзо шифо ёфтаанд.
Осеби беш аз 1600 сокини Суғд аз сагу гурба: ҳодисаи фавт ҳам сабт шудааст
Вай афзуд, дар ин миён ду нафар сокини ноҳияҳои Кушониён ва Хуросон баъди осеб аз газидани саги бемор сари вақт ба табибон муроҷиат накарда, зимни хуруҷи бемории ҳорӣ муроҷиат кардаанд, ки мутаассифона ҳарду ҳам ба ҳалокат расиданд.
“Аксари осебдидагон сари вақт ба мо муроҷиат мекунанд, зеро онҳо медонанд, ки дар ин айём ҳар лаҳза ғанимат ва муҳим ҳисобида мешавад”,- таъкид кардааст Назарзода Ҳасан Насрулло
Вай илова кард, ки ҳангоми муроҷиати саривақтии онҳо имкон дорем, ки саги газандаро назорат намоем ва барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ ваксинаи лозимаро ба бемор гузаронем.
“Зимни газидани саги бемор агар инсон сари вақ ба табибон муроҷиат накунад дар байни ду-се рӯз ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, имкони шифоёбиро аз даст медиҳад ва ба ҳалокат мерасад”, – иброз дошт Назарзода Ҳасан.