Мақомдорон аз рушди саноат ба Президент хабар доданд

Мақомдорони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат эълон карданд, ки рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат, ки имрӯз бо ҳузури раисҷумҳур баргузор шуд, хабар дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад, аз 2,7 млрд сомонии соли 2018 соли 2021 ба 4,1 млрд сомонӣ расонида шудааст.
Суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, дар давраи амалигардонии Барномаи соҳа яъне солҳои 2018-2021 ва 8 моҳи соли 2022 нишондиҳандаи дурнамои ресмони пахтагин 103,5 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ 209,5 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 141,4 фоиз, пойафзол 101,1 фоиз, мебел 216,8 фоиз ва матои адрас 167,1 фоиз иҷро гардиданд.
Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ аз 1 млн 128 ҳазор дона дар соли 2018 соли 2021 ба 2 млн 670 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш 2,4 маротиба зиёд мебошад.
Маҷлиси ҳукумат баргузор шуд: Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ба 3 млн 18 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 245 корхонаю коргоҳ бо 3872 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз ҷумла, 38 корхонаю коргоҳ бо 730 ҷойи корӣ дар соли 2018, 50 корхонаю коргоҳ бо 820 ҷойи корӣ дар соли 2019, 32 корхонаю коргоҳ бо 534 ҷойи корӣ соли 2020, 87 корхонаю коргоҳ бо 1326 ҷойи корӣ соли 2021 ва 38 корхонаю коргоҳ бо 462 ҷойи корӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2022 ба истифода дода шудаанд.
Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои болозикр ба коркарди пахта, нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.