ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст, масирҳои интиқоли нерӯи барқ дар ин минтақа ниҳоят муҳим аст, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст.Шабакаи хеле васеъ мавҷуд аст ва албатта ҳамоҳангсозӣ чизест, ки ба манфиатҳои ҳар се кишвари зикршуда мебошад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран руасоиҷумҳури Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора котиби матбуотии Тоқаев Руслан Желдибай хабар додааст.
"Масъалаи таъсиси "иттиҳодияи сеҷонибаи газӣ" бо иштироки Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангӣ амалҳои интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошад", - шарҳ котиби матбуотии Тоқаев.
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд, илова намуд Ҷелдибой.
Ба гуфтаи Тоқаев дар бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Путин дар ин музокирот мавзӯи "паймонҳои сеҷониба"-ро матраҳ кард, аммо ҷониби Қазоқистон барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд "мавзӯъро дарк кунад".
Сафари расмӣ ба Русия нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз дубора интихоб шуданаш мебошад. Ба гуфтаи Тоқаев, ин аҳамияти хоса дорад.
Дар мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин эъломияеро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.
Дар санад ҳар ду кишвар хоҳиши худро дар бораи ғайрисиёсӣ гардондани ташкилотҳои иқтисодие, ки мақсади сиёсӣ надоранд, баён карданд.