ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, иттилоъ додааст Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.
Манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
"Дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд", - зикр кардааст Агентӣ.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.