Тоҷикистон боз як шаҳрванди дармонда дар шаҳри Сухумро ба Ватан баргардонд

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди кишварро, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки боз як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Сухум бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дармонда буд, ба Ватан баргардонида шудааст.
“Ахиран бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд”,- таъкид доштааст сафорати кишвар дар Маскав.
Манбаъ хабар додааст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки аз убури сарҳад худдорӣ намоянд.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Абхазия дармонда буд, ба Ватан баргашт
Ёдовар мешавем, ки мощи октябри соли равон шабеҳи ҳамин ҳодиса сурат гирифта буд.
Он замон ҳам, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз баргардонидан ба Ватан шаҳрванде, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар минтақаи Абхазистон дармонда буд хабар дод.
Бояд гуфт, ки дар авоили моҳи феврал Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хабар дод, ки аз сӯйи мақомоти Русия еш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар афв карда шудаанд.
Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.
Тибқи омори Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд.