Сӯхтори бузургу садои тарикш дар як корхонаи кимиёвии Туркия: видео

Дуди сӯхтори корхона аз дурӣ дида мешаваду свдои таркиш ба гуш мерасад. Дар Туркия корхонаи бузурги кимёи ба коми оташ рафтааст
Sputnik
Сӯхтор дар як корхонаи кимиёвӣ дар минтақаи Памуккале (Туркия) сурат гирифт, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии NTV.
Сӯхтор соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ дуртар аз шоҳроҳи серодам сар задааст.
Дар майдони сӯхтор моддахои кимиёи месӯзанд ва абрҳои сиёҳи ин сӯхторро аз дурӣ ба назар мерасад.
Туркия тасаллияти сафорати ИМА-ро қабул накард
Дар ҳоли ҳозир ба ҷои ҳодиса хадамоти ёрирасон, ба монанди ёрии таъҷилӣ ва нерӯҳои оташнишонӣ расидаанд.
Сӯхтор ҳанӯз хомӯш карда нашудааст. Гоҳе аз минтақа садои таркиш ба гуш мерасад.