Руҳат шод бод, дӯсти азиз: Сироҷиддин Муҳриддин ба фотиҳахонӣ дар ҳаққи Макей рафт

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз вазири марҳуми белорус ба ҳайси дӯсту бародар ёд кард, ки манфиатҳои миллияшро қотеона ҳимоя мекард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз сафорати Беларус дар Душанбе боздида, дар ҳаққи вазири марҳуми ҶБ, Владимир Макей дуо кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, Сироҷиддин Муҳриддин дар Китоби тасаллият оид ба ҳамдардии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Владимир Макей сабт гузошт.
Аз ҷумла навиштааст, ки Владимир Владимирович дар Тоҷикистон ба ҳайси ходими давлатие, ки манфиатҳои миллии Беларусро қотеъона ҳимоя мекард ва масоили ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи байналмилалиро моҳирона танзим менамуд, хотирмон хоҳад буд.
"Мо ба саҳми назарраси Владимир Владимирович дар тақвияти муносибатҳои дустии самимона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус арҷ мегузорем", - таъкид намудаст вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин афзудааст, ки шахсан муносибати бародарона ва эътимоди комили Владимир Владимировичро ҳамеша дар хотир хоҳад дошту қадр хоҳад кард.
"Бо ғаму андуҳи хешон ва наздикони Владимир Владимирович ҳамроҳ ҳастам. Рӯҳат шод бод, дӯсти азиз", - илова намудаст вазири тоҷик.
Маврид ба зикр аст, ки Макей ба таври ногаҳонӣ рӯзи 26 нобяр дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар дод, аммо расман дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст. Бархе расонаҳо сабаби фавтро сактаи қалбӣ гуфтаанд.
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.
Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ, то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд.