ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, аксари минтақаҳои Русия - аз 89 субъекти ин кишвар 76 субекташ бо шарикони қазоқистонӣ робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ барқарор кардаанд.
"Амиқтар шудани робитаҳои байниминтақавӣ идома дорад. Дар ҳоли ҳозир аз 89 субъекти Русия 76-тои он бо шарикони қазоқ робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ барқарор кардаанд. Шаҳрҳои бародар бо ҳам ва хеле бомуваффақият кор мекунанд", — гуфт Владимир Путин зимни суханрониаш дар Форуми XVIII ҳамкориҳои байниминтақавии Русияву Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки Форуми XVIII ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Қазоқистон, имрӯзҳо дар Оренбург баргузор шудааст.
Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки анҷуманҳои байниминтақавии Русия ва Қазоқистон ба таври анъанавӣ судманд анҷом меёбанд ва дар воқеъ онҳо ба тавсеаи робитаҳои шарикӣ байни субъектҳои Русия ва минтақаҳои Қазоқистон мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки маврид ба зикр аст, ки интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр баргузор шуданд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо гирифтани беш аз 81%-и оро баранда шуд.
Аввалин сафари расмии Қосим Ҷомарт Тоқаев баъд аз интихоботи президентӣ ба Русия сурат гирифт.