ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Сухангуи Вазорати хориҷаи Толибон Абдулқаҳор Балхӣ дар як паёми ахираш таъкид кардааст, ки аз ҳар се зан дар Амрико як нафар таҷовуз ва хушунатро таҷруба кардааст, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Вай илова кардааст, ки ин масъала дар мавриди дигар давлатҳои муддаи демократи дар ғарб низ содиқ аст.
“Ҳукуматҳои исломӣ вазифадоранд тадобиреро барои муҳофизат аз занон вазъ кунанд”, - таъкид кард вай.
Сухангуи Вазорати хориҷаи давлати Толибон ҳамчунин изҳороти дафтари муъовинати Созмони Милал дар Афғонистонро, ки гуфта аст ин кишвар яке аз болотарин сатҳи хушунат зидди занон дар ҷаҳонро дорад нодуруст хонд ва онро рад кард.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати толибонро дар нақзи ҳуқуқ ва хушунат алайҳи занон муттаҳам мекунад. Дар ин авохир дар ин бора чандин гузоришҳо аз сӯйи СММ ва ниҳодҳои байналмилалӣ интишор шудааст.
Бояд гуфт мақомоти толибон ба духтарон таҳсил дар макотиб ва мақотиби олиро иҷозат намедиҳанд. Ҳамчунин дар ин авохир мақомоти толибон гаштугӯзори занон дар паркҳоро манъ карданд ва занони фаъоли ин кишварро бандӣ карданд.