ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Роҳи аслии коҳиши талафоти нерӯи барқ насби ҳисобкунакҳои ҳушманд ва низоми билингӣ мебошад, изҳор доштаст мудири техникии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе, Парвиз Қутбиддинов дар суҳбат бо "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, феълан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низоми биллингӣ мавриди амал қарор дода шуда, дар ҳамин замина аллакай зиёда аз 80 ҳазор ҳисобкунакҳои ҳушманд насб гардидаанд.
"Баъди амалӣ шудани низоми биллингӣ дар ноҳияи Сино ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва дар муқоиса ба солҳои пешин талафоти неруи барқ ба маротиб кам гардид", - изҳор дошт Қудбиддинов.
Вай мисол овард, ки агар солҳои пешин талафоти барқ 16 ва ё 22%-ро ташкил медод, баъди амалӣ шудани низоми биллингӣ он 6,8% поён фароварда шуд.
Ӯ афзуд, тибқи нақшаи минбаъдаи системаи энергетикии шаҳри Душанбе вобаста ба амалишавии низоми биллингӣ тамоми мушкилот вобаста ба талафоти неруи барқ ба таври автоматӣ аз байн хоҳад рафт.
Низоми биллингӣ аз ҷониби ширкати "Авесто гурӯҳ" дар якҷоягӣ бо "Тоҷикгидроэлектромантаж" нахуст дар ноҳияи Сино амалӣ гардида, дар назар аст, ки он соли 2023 дар се ноҳияи шаҳри Душанбе амалӣ карда шавад. Таъкид гардидаст, ки иваз намудани ҳисобкунакҳои одӣ ба ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ройгон сурат мегирад.
Қутбиддинов таъкид намудаст, ки аллакай асосноккунии техникӣ таҳия шуда, шурӯъ аз соли 2023 дар се ноҳияи дигари шаҳри Душанбе низоми биллингӣ пурра амалӣ мегардад.