Дархости ВУД аз ҷавонону наврасони тоҷик: оромиро дар Соли нав халалдор накунед

Дар Тоҷикистон бо фарорасии Соли Нав мавсими харидуфурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ оғоз мешавад ва мақомот аллакай аз аввалин боздоштҳо хабар додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон махсусан, ҷавонону наврасон хостааст, бо истифода аз маводи тарфгарӣ дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ оромии сокинонро халалдор накунанд.
Ин даъвати мақомот дар ҳоле садо медиҳад, ки ба иттилои раёсати умури дохилии Душанбе аллакай дар пайи чорабиниҳои оператавӣ 2 ҷавони 20 ва 21-сола бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ боздошт гардиданд.
Таъкид шудаст, ки аз муттаҳмон беш аз 18 ҳазор дона маводи тарфгарӣ мусодира шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Қабули иди нав дар Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, садои гӯшхароши он бо фарорасии Соли Нав зиёд шунида мешавад.
Мақомот далели ин ҳолатро дар он мегӯянд, ки баъзе аз тоҷирон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ғайриқонунӣ маводи тарфгарӣ ворид ва паҳн месозанд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 64 сомонӣ мебошад.
Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.